Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 18 май дар даври шашуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дар шаҳри Истаравшан бо соҳибони майдон - дастаи «Далерон - Ӯротеппа бозӣ карда, бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Голи ягонаро аз дастаи «Истиқлол» легионери испанӣ Хосе Баллестер дар дақиқаи 4-уми вохӯрӣ ба ҳадаф расонид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин ғалабаи 6-уми дастаи «Истиқлол» буда, шогирдони сармураббӣ Мӯбин Эргашев алҳол бо касби комили имтиёзҳо дар мусобиқа (18 имтиёз аз 6 бозӣ) дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд ва аз дастаи «Хайр», ки зинаи дуюми ҷадвалро ишғол мекунад, 5 имтиёз зиёдтар доранд.

Гуфта мешавад, дар даври навбатии мусобиқа «Истиқлол» дар майдони худ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро қабул мекунад, ки имсол чун «Истиқлол» алҳол шаҳди шикастро начашидааст. Вохӯрии ин дастаҳо аз рӯзи 24 май ба рӯзи 29 май гузаронида шудааст.