Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, рӯзи 15 июн бо сафари корӣ ба Душанбе меояд.

Тавре дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ хабар медиҳад, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин робита изҳор намудааст, ки Томас Бахро дар ин сафар Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои байналмилалии олимпӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, Томас Бах ва Шайх Аҳмад дар доираи сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, мулоқот карда, инчунин, ба қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии кишвар ташриф меоваранд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин аввалин сафари Томас Бах ба Тоҷикистон мебошад. Раҳбарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё, инчунин ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ сафар мекунанд. Онҳо рӯзи 16 июн аз Душанбе ба Бишкек (Қирғизистон) мераванд.