Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федратсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Дилшод Ҷӯраев ноиби президенти ФФТ интихоб шуд, ки интихоби ӯ дар конфронси навбатии Федератсия бояд тасдиқ карда шавад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, Дилшод Ҷӯраев дар навбати худ барои боварӣ ба раҳбарияти Федератсия арзи сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки дар ҳамдастӣ бо дастгоҳи ФФТ баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас талош хоҳад варзид.
Дар ин ҷаласа аъзои Кумитаи иҷроия огаҳ карда шуданд, ки бо қарори раиси ФФТ Рустами Эмомалӣ, иҷрои вазифаҳои дабири кулли Федератсия ба дӯши ноиби аввали президенти Федератсия Хуршед Мирзоев вогузор карда мешаванд.
Дар ҷаласа ҳамчунин сохтори нави Федератсия тасдиқ шуда, ба аъзои Кумитаи иҷроия оид ба нақшаҳои ситоди нави мураббиёни тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бобати беҳбуди натиҷаҳо дар мусобиқаҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 маълумот дода шуд.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста