Кумитаи тадорукоти бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО-20), ки ташкили бозии ниҳоии ин мусобиқаро мутобиқи талаботи КФО таъмин мекунад, дар Душанбе ба кор шурӯъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои ташкил ва баргузории бозии финалии Ҷоми КФО-2015 дар Душанбе як ҳайати сершумори КФО ба пойтахти Тоҷикистон ташриф меоранд ва ҳайати аввал аллакай ба Душанбе омада, бо кумитаи тадорукоти маҳаллӣ машварат гузарониданд ва аз майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ боздид ва бо шароитҳои он шинос шуда, бартараф намудани як қатор камбудиҳо тавсия доданд.

Мавриди зикр аст, ки бозии финалии Ҷоми КФО-2015 рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе байни дастахои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Ҷоҳор Дорул Такзим»-и Малайзия доир мегардад. Оғози бозӣ соати 16-00 муқаррар шудааст.

Дар вохӯрии мазкур аз иштироки меҳмонони воломақом, аз ҷумла президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа интизорӣ меравад.

Фурӯши билетхо ба бозӣ дар кассаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи расмии дастаи «Истиқлол» - «Joma» бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ ба роҳ монда шудааст. Арзиши билетҳо ба трибунаи ғарбӣ - 50 сомонӣ ва дигар трибунаҳо - 20 сомониро ташкил медиҳад. Пас аз анҷоми вохӯрӣ аз рӯи билетҳои воридшавӣ бозии лотерея гузаронида шуда, ҷоизаҳои сершумор, аз ҷумла 5 телефони «iPhone» барои бурд гузошта шудааст.