Дастаи футболи «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия барои ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо 28 октябр аз Дубай ба Душанбе омад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии «Ҷоҳор Дарул Такзим» Роберто Карлос Марио Гомес бо худ ба Душанбе 23 бозигар овардааст, ки дар байни онҳо чаҳор легионер аз Аргентина, Бразилия ва Сингапур мебошанд.

Гуфта мешавад, бегоҳи чоршанбеи 28 октябр бошгоҳи малайзиягӣ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе аввалин тамринашро анҷом дод.

Ёдрас мекунем, ки бозии финалии Ҷоми КФО-2015 рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе байни дастахои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Ҷоҳор Дорул Такзим»-и Малайзия доир мегардад. Оғози бозӣ соати 16-00 муқаррар шудааст.

Дар вохӯрии мазкур аз иштироки меҳмонони воломақом, аз ҷумла президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа интизорӣ меравад.

Фурӯши билетхо ба бозӣ дар кассаҳои Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи расмии дастаи «Истиқлол» - «Joma» бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ ба роҳ монда шудааст. Арзиши билетҳо ба трибунаи ғарбӣ - 50 сомонӣ ва дигар трибунаҳо - 20 сомониро ташкил медиҳад. Пас аз анҷоми вохӯрӣ аз рӯи билетҳои воридшавӣ бозии лотерея гузаронида шуда, ҷоизаҳои сершумор, аз ҷумла 5 телефони «iPhone» барои бурд гузошта шудааст.

Маблағи ҷоизаи бозии ниҳоии Ҷоми AFC - мусобиқаи аз рӯи моҳият дувуми бошгоҳии Осиё - 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар тақдим мешавад.

Доварони бозиини ҳоии Ҷоми AFC-2015 байни "Истиқлол” ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» аз Ҷопон мебошанд. Довари ФИФА Тоҷо Миноруи 39-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанони ӯ, ёварони довари ФИФА – Наги Тошиюкии 44-сола ва Очи Синдзии 40-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Довари ФИФА Ииду Юмпеи 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Хонӣ Толиб Сафар аз Қатар нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.