Бо қарори Кумитаи интизоми Федератсияи байнлумилалии футбол (ФИФА) ҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев аз ҳаққи иштирок дар ҳайати даста дар 4 бозӣ маҳрум карда шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии даври панҷуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 бо дастаи Қирғизистон, ки рӯзи 8 октябр дар Бишкек доир гардид, футболбози тоҷик бо сардовари бозӣ ба муноқиша пардохта, ӯро таҳқир намуд ва барои ин амалаш мавриди чунин муҷозот қарор гирифт.

Дар ин бозӣ Фарҳод Восиев дар вақти изофашуда, ҳангоме ки довари эронӣ Муд Бонядифард ба дарвозаи Тоҷикистон зарбаи 11-метра таъин кард, корти сурх гирифт.

Дар бозӣ бо дастаи Ӯрдун (0:3) Восиев барои корти сурх гирифтан дар вохӯрӣ иштирок надошт. Бозигари дастаи «Газовик»-и Оренбург Ф.Восиев акнун дар се бозии боқимондаи дастаи мунтхабаи Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 - бо дастаҳои Бангладеш (12 ноябри соли 2015), Австралия (24 марти соли 2016) ва Қирғизистон (29 март) низ ҳаққи иштирок карданро надорад.