Паҳлавони маъруфи тоҷик Набимуҳаммад Хоркашов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш шаби якшанбеи 15 ноябр ба анҷом расид, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кг мақоми дувумро касб кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Набимуҳаммад пас аз се ғалаба бар рақибонаш аз Гана, Булғористон ва Гурҷистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Артём Осипенко аз Русия, ки барои чаҳорумин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд, шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ин дувумин медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов 14 ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Булғористон, Русия ва Қазоқистон ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Вахтанге Чидрашвили (Гурҷистон) шикаст хӯрда, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Паҳлавони гурҷӣ чун соли гузашта ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Гуфта мешавад, мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифта, дар ин мусобиқа варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат варзидаанд. 

Ба ҷуз Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашов, натиҷаи гуштигири дигари тоҷик Муҳаммадризо Қурбонзода низ қобили қайд аст. Ӯ дар мусобиқаи самбои варзишӣ дар вазни то 100 кг мақоми панҷумро касб кард.

Вале  дар се рӯзи мусобиқа – 13 -15 ноябр – чаҳор паҳлавони тоҷик ноком шуданд. Дар сабқати самбои варзишӣМустафо Ҳасанов (68 кг) баъди ду пирӯзӣ, Ардашер Исмоилов (52 кг) ва Хушқадам Хусравов (62 кг)  дар даври аввал, дар сабқати самбои размӣ Табрезшо Парпишоев (74 кг) дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.