Дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистону Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё, ки аз 10 то 21 феврали соли 2016 дар пойтахти Ӯзбекистон – Тошканд барпо мегардад, роҳхат гирифтанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҶТ, соҳибони роҳхатҳо баъди натиҷагирии даври севуми сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ, ки 16 ноябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, маълум гаштанд.
Дар бозии аввали даври севуми мусобиқа мунтахаби Афғонистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 5:3 шикаст дод. Дар бозии охирини сабқати гурӯҳи "А” мунтахаби Тоҷикистон аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Ёдрас мешавад, ки дар ду бозии пешин мунтахаби Тоҷикистон бар тими Афғонистон бо ҳисоби 6:5 ғолиб омада, бозиро бо дастаи Туркманистон бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дода буд.
Ба ин тартиб, дар гурӯҳи "А” мунтахаби Қирғизистон бо панҷ имтиёз ғолиб шуд. Дастаи Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз мақоми дувумро касб намуд. Ҳарду даста соли оянда дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ иштирок хоҳанд кард.
Вале дастаҳои Афғонистон (бо чаҳор имтиёз ҷойи севум) ва Туркманистон (бо ду имтиёз ҷойи чаҳорум) аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.
“Бе зарурат ба Русия сафар накунед”. Шарҳи ВКХ Тоҷикистон оид ба банд мондани садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста