Мавзуна Чориева, бонуи муштзани тоҷик, барандаи медали биринҷии бозиҳои олимпии Лондон-2012 бо саъйу кӯшиши беандоза ба тамринҳо машғул аст, то ки ба дарёфти роҳхат ба Бозиҳои Олимпиада-2016 дар Рио-де-Жанейро ноил гардад.

Бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳоло варзишгар дар осоишгоҳи “Баҳористон” дар як шабонарӯз ду вақт ба тамрин машғул буда, ба ба мусобиқаҳои навбатӣ омодагӣ мебинад.

Тавре Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, Мавзуна Чориева иброз доштааст, ки барои тамрини ӯ шароити хуб муҳайё гардида, кӯшиш дорад, ба Олимпиадаи соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия доир мегардад, роҳхат пайдо кунад.

Ёдрас мешавад, ки аз варзишгарони тоҷик то имрӯз танҳо гурзандоз Дилшод Назаров ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат гирифтааст.