Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳавасмандсозии як гурӯҳи варзишгарон барои дастовардҳои назаррас дар арсаи байнулмилалӣ амр ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо амри президент Вазорати молия муваазаф шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2015 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон барои мукофотонидани 21 нафар варзишгарон - ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 673 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо намояд.

Ҳамчунин ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дастур дода шудааст, ки истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, ба Вазорати молияи ҶТ ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.