Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати варзишгаронеро, ки бо мукофтпулӣ аз фонди захиравии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ мешаванд, интишор кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, ба ин рӯйхат гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанон (боксчиён) Мавзуна Чориева, Шоира Зулқарнаева, Ҷаҳон Қурбонов, Аҳмадҷон Саидов, дзюдочиён Хуршед Маҷидов, Фаррухи Салим, Муҳаммадраҳим Сарахонов, тирандоз Малика Лагутенко, қаиқрон Шаҳриёр Даминов, таэквондочиён (ITF) Сабина Тюраева, Далер Тюраев, Баҳромҷон Гадоев, Масрур Сатторов, Алишер Аҳмедов, Муҳаммадҷон Наимов, Зиёратшоҳ Шамолов, Беҳрӯз Набиев, Садриддин Яқубов, самбочиён Набимуҳаммад Хоркашев ва Акмалиддин Каримов шомил шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки барои ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз риштаҳои гуногуни варзиш Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида , тибқи амри мазкур 21 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳо дар соли равон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 673 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар аз 6250 то 150000 сомонӣ аст.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста