Довари футбол аз Ҳисор Диловаршоҳ Орзуев аз рӯйхати довароне, ки дар бозиҳои Лигаи олӣ ва якум ва мусобиқоти ҷавонони Лигаи милли футбол фаъолият мекунанд, хориҷ карда шуд.

Дар санади ҷаласаи Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қайд мешавад, ки фаъолияти Д.Орзуев мунтазам мавриди интиқод қарор дошта, аксари хатогиҳое, ки дар бозиҳои муҳим аз ҷониби ӯ содир шудаанд, ба натиҷаи вохӯриҳо таъсир расонидаанд.

Дар робита ба бад шудани сифати доварӣ, ки ба содир гардидани иштибоҳҳои ҷиддӣ дар бозиҳои чемпионат, Ҷоми футболи Тоҷикистон ва дигар мусобиқот боис шуданд, Кумитаи доварони ФФТ оид ба аз рӯйхати доварони Федератсия хориҷ кардани Диловаршоҳ Орзуев қарор қабул кард.

Ғайр аз ин, барои бад шудани ҳолати ҷисмонӣ ва аз даст додани назорати ҷараёни бозӣ зимни доварӣ, Кумитаи доварони ФФТ ба довар Сафармаҳмад Шоймардонов аз Хуросон огоҳии қатъӣ додааст.