Дар шаҳри Якутски Русия рӯзи 6 июл маросими ифтитоҳи Бозиҳои VI байнуулмилалии варзишии «Бачагони Осиё» доир гардид.

Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ин бозиҳо, сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимии ҶТ Маҳмуд Абдуллоев, дар ин бозиҳо беш аз 20 нафар варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаҳои муштзанӣ (бокс), гуштии тарзи озод, дзюдо ва самбо ширкат меварзанд.

Дар маросими ифтитоҳи бозиҳо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев, президенти Кумитаи миллии олимпии Русия Александр Жуков, муовини раиси ҳукумати Русия, намояндаи комилҳуқуқи президенти ФР дар Ҳавзаи федаралии Шарқи Дур Юрий Трутнев ва роҳбари Ҷумҳурии Саха (Якутия) Егор Борисов ҳузур доштанд.

Қобили зикр аст, ки дар ин бозиҳо беш аз 3 ҳазор нафар варзишгарони наврас аз 37 кишвари дунё (8 дастаи аз Русия) дар 22 навъи варзиш қувваозмоӣ мекунанд.