Ҷаҳонгир Маҷидов, варзишгари навраси тоҷик, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар Ёқутистони Русия дар мусобиқаи дзюдо бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоӣ барои унвони қаҳрамони Бозиҳо аз варзишгари Русия Захар Груздев мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми дувумро касб кард. Медалҳои биринҷиро дар ин вазн Избасар Ералиев (Қазоқистон) ва Иля Калашников (Русия) соҳиб шуданд.
Дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқот аз рӯи бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо ва ҷудо ширкат карда, ҳамагӣ панҷ медал – ду нуқра ва се биринҷӣ – ба даст оварданд.
Шоҳрух Саидов дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 35 кг ба дарёфти медали нуқра, Авзалшоҳи Ҳикматулло дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 50 кг ба гирифтани ҷойи сеюм, Сумая Қосимова (46 кг) ва Идимоҳ Холова (57 кг) дар мусобиқаи бокс миёни духтарон ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Қобили зикр аст, ки ин бозиҳо то 16 июл идома ёфта, дар он беш аз 3 ҳазор нафар варзишгарони наврас аз 37 кишвари дунё (8 дастаи аз Русия) дар 22 навъи варзиш қувваозмоӣ мекунанд.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста