Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди мағлубият дар қувваозмоии нахстини мусобиқоти дзюдои Олимпиадаи Рио-де-Жанейро аз варзишгари гурҷӣ расман аз мухлисону ҳаводоронаш узрхоҳӣ кард.

Дар саҳифаи фейсбукиаш ӯ дар ин хусус навиштааст: «4 соли сафар ва тамрину машқҳо, сабуксозиҳои вазн ва ҳамааш дар як рақобат барбод рафт! Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон узр мепурсам. Ман аз уҳдаи кор набаромадам ва худро сафед карданӣ нестам… Ман қувваозмоиро бохтам! Иншоаллоҳ, рӯзҳои мо дар пешанд. Хайр Рио, акнун ба Токио-2020 омодагӣ мегирем».

Ёдрас мекунем, ки Комроншоҳи Устопириён, гуштигири шинохтаи тоҷик, дар қувваозмоии нахустин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақиби гурҷиаш Варлам Липартелиани шикаст хӯрд. Вай рӯзи 10-уми август дар риштаи ҷудо дар вазни то 90 кило вориди рақобат гардид, аммо натавонист пирӯз шавад.

Ҳамин тариқ, боз 5 варзишгари тоҷик дар мусобиқоти минбаъдаи Олимпидаи Рио-де-Жанейро иштирок мекунанд. Рӯзи 12 август - гуштигир Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, +100 кг), рӯзҳои 11-13 - шиноварон Алим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (50 метр, тарзи озод), 15-17 август - Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ва 17-19 август - Дилшод Назаров (гурзандозӣ) ба рақобат мепардозанд.