Капитани дастаи «Истиқлол» ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Нуриддин Давронов ҳунарнамоии худро метавонад дар чемпионати Булғористон дар ҳайати тими «Дунав» идома бидиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», нимҳимоятгар Нуриддин Давронов чанд рӯз қабл бо даъвати раҳбарияти даста ба Булғористон раҳсипор гардида, дар тамрини аввалаш иштирок кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар сурати ба ҳайати дастаи «Дунав» гузаштани Нуриддин Давронов, ӯ сеюмин футболбози тоҷик хоҳад буд, ки дар чемпионати Булғористон ҳунарнамоӣ мекунад. Қаблан нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев ба дастаи «Локомотив»-и Пловдив ва Искандар Ҷалилов низ ба тими «Дунав» гузашта буданд.