Кристина Пронженко, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар сабқати интихобии варзиши сабук оид ба давидан ба масофаи 200 метр миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ охирин шуд ва аз ҳаққи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқоти интихобӣ оид ба варзиши сабук рӯзи 15 август дар Варзишгоҳи олимпии Рио-де-Жанейро барпо гардид. Кристина Пронженко дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 200 метр дар гурӯҳи 9-ум таҳти рақами 1239 дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 25,53 сония дар мақоми охирин қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ Офонайм Одионг аз Баҳрайн бо натиҷаи 22,74 сония ғолиб шуд.

Умуман, дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 200 метр ҳамагӣ 72 даванда ширкат дошт. Натиҷаи нишондодаи Кристина танҳо аз се нафари онҳо аз Наҷима Павин (Покистон, 26,11), Ҳассан Маргрет (Судани Ҷанубӣ, 26,99) ва Абдул Раҳим Маизираҳ (Бруней, 28,02) беҳтар аст.

Ҳамин тариқ, Кристина Пронженко дар ҷойи 69-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ ва идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.

Ба ин тартиб, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко(давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Умеди охирин ба гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров аст. Ин варзишгари 34-сола бори чаҳорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Сабқати интихобии гурзандозӣ рӯзи 17 август баргузор мешавад. Дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ меёбанд ва барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.