Бозиҳои даври интихобии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон анҷом ёфта, ҳамаи иштирокчиёни давраи 1/8 финалӣ муайян шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои даври интихобӣ ҳашт дастаи лигаи якум - «Барқчӣ», «Ҳулбук», «Душанбе-83», «Эсхата», «Дӯстӣ», «Саройқамар», «Исфара» ва «Ваҳдат» ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқа роҳхат гирифтанд.

Дар даври 1/8 финалии мусобиқа ба онҳо ҳашт дастаи Лигаи олӣ - «Истиқлол», «Хуҷанд», «Кӯктош», «Регар-ТадАЗ», «Хатлон», КМВА «Помир», «Панҷшер» ва «Истаравшан» ҳамроҳ мешаванд.

Бино ба иттилои Федратсияи футболи Тоҷикистон, маросими қуръапартоии даври 1/финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон баъдтар доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки дорандаи ҳозираи Ҷоми футболи Тоҷикистон тими “Истиқлол”-и Душанбе буда, дар бозии финалии соли гузашта дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.