Қаҳрамони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров аз Қатар ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ дар Қатар мебоист дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекард.
Номбурда пас аз бозгашт ба Душанбе дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки ояндаи наздик дар бораи айбдор шуданаш ба истеъмоли допинг изҳорот нашр мекунад. Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки барои сари як қарор омадан, ба ӯ вақт лозим аст.
“Дӯстони гиромӣ. Шумо шояд огаҳед, ки ба ман намояндагӣ аз кишварамро манъ карданд. Ман дар чемпионати ҷаҳон ширкат варзида наметавонам, зеро ба истеъмоли маводи манъшуда гумонбарам. Илтимос, ба ман каме вақт диҳед, ки сари як қароре оям. Намехоҳам ба эҳсосот дода шавам, далел пешниҳод кардан мехоҳам. Ояндаи наздик изҳоротамро нашр мекунам. Ҳақ бар ҷониби ман аст”, - навиштааст Дилшод Назаров.
Ёдрас мекунем, ки қаҳрамони олипии соли 2016, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бинобар сабаби гумонбарӣ ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг муваққатан аз иштирок дар чемпионати ҷаҳон барканор карда шуд.
Пас аз санҷиши дубораи допинг дар чемпионати ҷаҳон дар соли 2011 дар Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ дар намунаи Дилшод Назаров маводи манъшудаи метаболити туринабол ёфт шудааст. Дар ин бора рӯзи 24-уми сентябр дар сомонаи Мақомоти мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU, Athletics Integrity Unit) хабар дода шуд.
“Бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки ман ҳамеша ҷонибдори варзиши пок буда, ҳамаи ҷоизаҳоям ҳалол ба даст оварда шудаанд! Бо ҳамаи мақомоти марбутаи варзишӣ ҳамаҷониба ҳамкорӣ мекунам, то ки бегуноҳиам исбот шавад ва бо ин мақсад адвокати маъруфи аврупоиро ҷалб кардам”, - қаблан изҳор дошта буд Дилшод Назаров дар робита ба ин масъала.
Рӯзи 26-уми сентябр дар Қатар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук оғоз гардид, ки Дилшод Назаров дар он мебоист барои роҳхати олимпӣ мубориза мебурд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста