Мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон анҷом ёфт ва ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи финалӣ, ки 14-31 октябри соли оянда дар Ӯзбекистон доир мегардад, маълум шуданд.
Дар баробари тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки қаблан дар гурӯҳи “С”-и марҳилаи интихобӣ сазовори ҷойи аввал шуд, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 ғолибони 10 гурӯҳи дигар роҳхат гирифтанд – Ироқ (гурӯҳи “А”), Қатар (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “D”), Баҳрайн (гурӯҳи “Е”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “F”), Малайзия (гурӯҳи “G”), Австралия (гурӯҳи “Н”), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “I”), Ҷопон (гурӯҳи “J”) ва Индонезия (гурӯҳи “K”). Дастаи Ӯзбекистон низ ҳамчун мизбон дар марҳилаи финалӣ иштирок мекунад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ҳамчунин 4 дастаи дигари ҷойи дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 иштирок мекунанд – Лаос (гурӯҳи “Н”), Ветнам (гурӯҳи “J”), Яман (гурӯҳи “В”) ва Камбоҷа (гурӯҳи “G”).
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар се бозӣ се ғалаба ба даст овард ва ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт. Шогирдони Зайниддин Раҳимов бар дастаҳои Малдив (9:0), Лубнон (1:0), Сурия (1:0) пирӯз шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста