Дар арафаи Рӯзи Модарон мусобиқаи вилоятии волейбол байни дастаҳои бонувон дар шаҳри Бохтар баргузор шуд. Дар он 13 даста аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок карданд.
Сардовари мусобиқа Рустам Давлатшоев ба “Азия-Плюс” гуфт, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Мусобиқаро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш Фариза Абдуллозода ифтитоҳ бахшиданд.
Фирӯза Шарифӣ зимни суханронӣ изҳор дошт: “Имрӯз духтарону бонувони тоҷик рӯ ба варзиш оварда, баҳри солимии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳамзамон дар баробари мардон шарафи вилоят ва кишварро дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байнулминалӣ баланд мебардоранд”.
Дар ҷараёни мусобиқа дастаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - 1 ва 2, инчунин тими шаҳри Норак маҳорати хуб нишон доданд.
Ҷойи аввал насиби дастаи волейболи Балхӣ-2 гардид. Мақоми дуюмро дастаи Балхӣ-1 ва ҷойи сеюмро тими шаҳри Норак соҳиб шуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш Фариза Абдуллозода ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ба ғолибони мусобиқа медалу туҳфаҳои хотиравӣ супурданд
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста