Рустам Хоҷаев сармуррабии нави тими бошгоҳи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин шудааст. Дар ин бора Федератсияи футболи вилояти Суғд хабар медиҳад. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Ҳаким Каримов омад, ки ҳамагӣ 6 моҳ кор кард.
Ҳамчунин дар баробари сармуррабӣ, Фаррух Марофиев ба унвони мураббии калон ва Мансур Ҳакимов ба ҳайси мураббӣ дар ин бошгоҳ таъин шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин тағйирот дирӯз, 18-уми январ дар як ҷаласаи корӣ аз сӯйи мудири иҷроияи бошгоҳ Муродҷон Умаров сурат гирифтааст.
Рустам Хоҷаев дар гузашта яке аз футболбозони маъруфи тоҷик буд, ки дар тими миллӣ ба унвони нимҳимоятгар бозӣ кардааст.
Рустам Хоҷаеви 44-сола таҷрибаи сармуррабигиро дар дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат, "Вахш"-и Бохтар ва "Барқчӣ"-и пойтахт ҳам дорад ва дар тими миллӣ ёвари сармуррабӣ Ҳаким Фузайлов низ ҳаст.
Соли 2013 Рустам Хоҷаев беҳтарин муррабии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд ва ҳамон сол дастаи "Хайр" барандаи медалҳои биринҷӣ ва соҳиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Иттиҳодияи Аврупо ҷаласаи якуми Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахшро ҳимоят кард
Ширкати раҳбарони ниҳодҳои блоки иқтисодӣ ва соҳибкорони тоҷик дар Форуми сармоягузории Брюссел
Чорабинии ҷамъбастии Шабакаи лоиҳаи “Таъмини об ва беҳдошт дар Тоҷикистон”
Рӯзҳои истироҳат ҳаво дар Тоҷикистон боронӣ мешавад
5 литр то 150 сомонӣ: арзиши равған ҳам ба дунболи орд боло рафт
Шамоли сахт дарахтҳоро болои автомашинаҳо чаппа кардаву боми хонаҳоро барканд
Агентии Оқохон муштаракан бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ паногоҳи муваққатӣ месозад
Дар Душанбе омӯзиши санъати тасвирии хоси абрисозӣ дар ҷараён аст
Муҳоҷирони тоҷик украиниҳоро дар Лаҳистон иваз карда метавонанд?
Мунтахаби футболи Тоҷикистонро ба Ҷоми Осиё мураббии “Хатлон” омода мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста