Фурӯши билетҳои сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022, ки соли дигар дар давлати Қатар баргузор мешаванд, оғоз шудааст. Дар ин бораи Сафорати Қатар дар Тоҷикистон дар саҳфаи истогроми худ хабар додааст.
Сафорат бо такя ба Кумитаи олии лоиҳаҳо ва мероси Қатар эълон мекунад, ки аз санаи 21 январи соли 2021 фурӯши билетҳо барои иштирок дар Ҷоми Ҷаҳон “FIFA Qatar 2022” шуруъ шудааст.
Дар нашри ин хабарномаи сафорат гуфта мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд барои харидории билет ба сомонаи электронии www.FIFA.COM/Tickets муроҷат кунанд.
Нархи билетҳо мувофиқи 3 категория бо арзиши аз 10 риёли қатарӣ ( тахминан 31. 04 сомонӣ ) то 300 риёли қатарӣ ( тахминан 931.24 сомонӣ) ба фурӯш мерасанд.
Ҳамчунин давлати Қатар вобаста ба ҳамагирии бемори коронавируси COVID 19 чанд қоидаи беҳдоштиеро низ барои иштирок дар мусобиқаҳо пешниҳод кардааст.
Бино ба иттилои Сафорат ҳар касе, ки воксини COVID 19 шуда бошад метавонад билет харидорӣ намуда, бо нишон додани шаҳодатнома (сертификат)-и воксин ба Қатар ворид шавад. Ба ташхиси иловагӣ зарурат надорад.
Аммо ҳар касе баъди санаи 1 октябри 2020 бемории COVID 19 -ро аз сар гузаронида бошад, метавонад билет гирифта, бо нишон додани ҳуҷҷати тасдиқкунанда, вориди ин кишвар шавад, ки ниёз ба ташхиси иловагӣ надорад.
Ҳар касе, ки COVID 19 нашуда бошад ва ё пеш аз санаи 1 октябри соли 2020 бемор шуда бошад, метавонад билет харидорӣ намояд, вале барои КОВИД 19, 72 соат пеш аз шурӯъи бозиҳо бояд ташхиси сабук шавад, ки натиҷааш манфӣ бошад.
Кишвари Қатар гуфтааст, ки барои фурӯши билет ва масъалаҳои тиббӣ дар Маркази чорабиниҳои миллии Қатар барои харидории билет ва ташхиси КОВИД 19 аз санаи 29 январ то 11 феврал ташкил карда мешавад, ки ҳамарӯза аз соати 10 то 12 субҳ ғайр аз санаи 11 феврал, ки дар он аз соати 10-и субҳ то 8-шом кор мекунад, фаъол хоҳад буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста