Кумитаи байналмилалии олимпӣ, дирӯз, 10-уми июн қароре содир кард, ки тавсия медиҳад Федератсияи ҷаҳонии самбо аз сӯйи он барои ҳамеша эътироф шавад. Ин дар ҳолест, ки Федератсияи ҷаҳонии самбо дар моҳи декабри соли 2018 аз сӯйи КБО муваққатан эътироф шуда буд.
Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба Федератсияи ҷаҳонии самбо хабар медиҳад, ки дар баробари самбо интизор меравад, ки чор варзиши дигар ҳам эътироф шаванд.
Дар қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфта мешавад, ки ин мавзуъ дар анҷумани қарибулвуқуи ин ниҳод, ки рӯзҳои 20-21-уми июн дар Токио баргузор мешавад, баррасӣ мегардад.
"Мо мехоҳем шуморо ба ин дастовард самимона табрик бигӯем, ки нишондиҳандаи эътирофи корҳои шумо аз нуқтаи назари рушди ниҳодӣ ва ҳамчунин пешрафт ва ҳамагони шудани навъи варзиши шумост",- омадааст дар мактуби расмие, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Федератсияи ҷаҳонии самбо фиристодааст.
Ҳоло маълум нест, ки агар дар Токио рӯзҳои 20-21-уми июн агар самборо бипазиранд, варзишгарони ин намуди варзиш дар Бозиҳои имсола ширкат мекунанд ё не. Вале пештар гуфта мешуд, ки агар эътироф шавад, ба сурати рамзи аз чанд вазн се-чортои паҳлавони риштаи самбо ширкат мекунанд. Аммо ТААС хабар медиҳад, ки тасмими ниҳоӣ 21-уми июл гирифта мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Рости гап»: Чаро забони тоҷикии адабӣ то ҳол оммавӣ нашуд
Деҳқони ҷайҳунӣ тарбузи зард парвариш кард
Бар асари тӯфони чангу ғубор ҳаво дар Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Ҷойҳо иваз шуданд: рубл беқурбу доллар гарон мешавад
ВКХ Русия қоидаҳои вуруд барои хориҷиёнро вобаста ба бекор шудани маҳдудиятҳо шарҳ дод
Вазорати маориф: “Барномаи таҳсилоти томактабӣ иҷро намешавад”
Reuters: Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати миллиардҳо маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” дастур дод
Судяҳои ВМКБ ва Суғд барои “кирдорҳои пастзанандаи шаъну эътибор” аз мансаб барканор шуданд
MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд
Имкони гуфтушуниди қарибулвуқӯъи Аҳмад Масъуд бо Толибон дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста