Имрӯз, 30-юми июл, паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг дар даври аввал ба намояндаи Куба Эндӣ Гранда ғалаба карда, дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум шуд.
Ҳамин тавр, чор нафар ҷудочии тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) сабқати худро бидуни медал ба анҷом расониданд.
Ду варзишгари дигар дар намуди бокс - Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) низ аз ҳарифонашон шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд.
Дар намуди бокс Баҳодур Усмонов мусобиқаро идома медиҳад. Ӯ дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Ӯзбекистон) вомехурад.
Имрӯз, ҳамчунин Анастасия Тюрина ва Олимҷон Эшонов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат мепардозанд. Дар варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр 31 июл дар даври интихобӣ ширкат менамояд.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.
Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 67 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 41 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста