Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба се варзишгари маъруфи тоҷик, ширкаткунандаҳои Бозиҳои Олимпии “Токио-2020”, Сомон Маҳмадбеков, Шаббос Неъматуллоев ва Илдар Аҳмадиев унвони соҳавии бахши варзиш тақдим кардааст. Дар ин бора аз Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Дирӯз гуфта мешуд, ки ба Анастасия Турина низ унвони соҳавӣ дода шудааст, вале дар Кумитаи ҷавонон хабари унвонгирии Тюринаро таъйид накарданд.
Манбаъ гуфт, ки дирӯз, дар чорабинӣ ба ифтихори “Рӯзи варзишгарон” раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода барои саҳми назаррас дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ба як қатор варзишгарон ва собиқадорони соҳа унвонҳои ифтихории соҳавӣ супурд.
Ба гуфтаи манбаъ, ки ба Сомон Маҳмадбеков ва Шаббос Неъматуллоев унвони "Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон дар риштаҳои ҷудо ва бокс дода шудааст. Ба Илдар Аҳмадиев унвони "Устоди варзиши Тоҷикистон" дар риштаи варзиши сабук тақдим шудааст. Ин унвон ба онҳо барои дастовардҳои баландашон дар риштаи варзиши ҷудо, бокс ва варзиши сабук дода шудааст.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мегӯяд, ки унвонҳоро ба ин варзишгарон барои дастовардҳои варзишӣ то ширкат дар Бозиҳои Олимпии Токио-2020 додааст.
Ҳамчунин ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ба дигар варзишгарону собиқадорони риштаи варзиш унвонҳои ифтихории соҳавӣ низ тақдим шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар қатори дигар варзишгарони тоҷик Сомон, Шаббос ва Илдар низ дар Олимпиадаи Токио-2020 ширкат варзиданд. Имсол тими олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои лимпӣ ҳеч медале натавонист ба даст биорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста