Дастаи миллии мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми Наврӯз-202”, ки аз 25 то 29 март дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон доир мегардад, иштирок мекунад.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022” чор дастаи мунтахаб - Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Уганда ширкат меварзанд.
Гуфта мешавад, дар даври 1/2 финалии мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 25 март бо тими Уганда бозӣ мекунад. Ҳамин рӯз дар бозии дигари нимфиналӣ мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо ҳам рақобат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар бозии финалии “Ҷоми Наврӯз-2022” бозӣ карда, дастаҳои бозиҳои нимфиналиро бохта барои дарёфти ҷойи сеюм рақобат мекунанд.
Зикр мегардад, ки ҳамаи бозиҳо дар майдони дастаи футболи “Навбаҳор”-и Намангон баргузор мешавад. Мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022” аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон созмон дода шудааст.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон
Даври нимфинал
25 март (ҷумъа)
16:00 – Уганда – Тоҷикистон
20:00 – Ӯзбекистон – Қирғизистон
29 март (сешанбе)
16:00 – Бозӣ барои дарёфти ҷойи сеюм
20:00 – Финал
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста