Ҳафт паҳлавони тоҷик рӯзҳои 1-3 - юми апрел дар мусобиқоти Antalya Grand Slam 2022 ё Тоскулоҳи Бузурги Анталия дар Туркия ширкат мекунанд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои ҷаҳон дар сабқатҳои Antalya Grand Slam 2022 дар назар аст, ки 535 варзишкор аз 65 кишвари ҷаҳон ширкат кунунд, ки 216 нафари онҳо бонувон мебошанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҷудокороне чун Меҳрзод Суфиев (-60кг), Абубакр Шеров ва Шаҳзод Саидабуроров (ҳарду дар вазни -66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳар ду дар вазни -90кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов дар вазни +100 намояндагӣ хоҳанд кард.
Мусобиқа соати 12:00, рӯзи 1-уми апрел ба вақти Душанбе оғоз мешавад ва марҳилаи ниҳоӣ соати 19.00 шуруъ мешавад.
Рӯзи аввал сабқати бонувон дар вазнҳои -48 kg, -52 kg, -57 kg ва мардон дар вазнҳои -60 kg, -66 kg баргузор мешавад. Рӯзи дувум занон -63 kg, -70 kg ва мардон дар вазнҳои -73 kg, -81 kg. Рӯзи охир занон дар вазнҳои -78 kg, +78 kg ва мардон дар вазнҳои -90 kg, -100 kg, +100 kg ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста