Федератсияи футболи Тоҷикистон тими “Истаравшан”-ро барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, рафтори нодуруст 1000 сомонӣ ва дастаи “Файзканд”-ро бо сабаби риоя накардани талаботи низомнома дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ҷарима баст.
Ин қарор дар ҷаласаи Кумитаи назорат ва интизомӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 25-уми апрел дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро баррасӣ карданд ҳосил шуд.
Тими “Истаравшан”-ро ба он хотир 1000 сомонӣ ҷарима бастаанд, ки ин даста 23-уми апрел зимни бозӣ бо тими «Регар-ТадАЗ» чанд талаботи моддаҳои кодекси интизомии ФФТ-ро вайрон кардааст. Ин ду даста он рӯз дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ байни ҳам бозӣ карда буданд.
ФФТ гуфт, тими “Истаравшан” дар ин бозӣ талаботи моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомиро вайрон кард. Яъне ин даста барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии дастаи меҳмон (рафтори нодурусти ҳайати шахсӣ, дар ин ҳолат ҳайати ёрирасоне, ки ҷарроҳатбардоштаро аз майдон интиқол медоданд) ҷарима баста шудааст.
Инчунин барои риоя накардани чанд моддаи дигари кодекси интизомии ФФТ бозигари дастаи «Истаравшан» Умед Муқумов аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум карда шуд. Ӯро дар барқасдона задани рақиб аз бозиҳо маҳрум сохтанд. ФФТ мегӯяд, “занбарккаше, ки бозигари «Регар-ТадАЗ»-ро задааст, футболбози дастаи эҳтиётии «Истаравшан» будааст”.
Инчунин барои риоя накардани шарту талаботи Низомномаи мусобиқа дар бозии Coca-Cola-чемпионати-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ тими “Файзканд” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шудааст. Ин даста 24-уми апрел зимни бозӣ бо тими “Хатлон” талаботи муқсобиқаро вайрон кардааст.
Дар Тоҷикистон тартиби нави баргардонидани ААИ муқаррар шуд
Нархи “солярка” дар Тоҷикистон якбора боло рафт
«Раҳими Ғармӣ» ба ҳадя кардани хонаҳо идома медиҳад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз $38 то $57 боло рафт
Давоми 1 рӯз дар Душанбе 24 корд ва 4 электрошокер мусодира шуд
Дастурҳои президент ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет
“Хуҷанд” ба даври финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 роҳ ёфт
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
Як зодаи Тоҷикистон барои интиқоли пул ба ДОИШ 9 сол зиндонӣ шуд
Вокуниши Кумитаи андоз ба мақолаи «Буҷети Тоҷикистон садҳо миллион сомониро аз даст медиҳад. Ва имрӯз сухан дар бораи кормандони андоз»
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста