Шабакаи футболи komandatj дар Instagram хабар дод, ки Аминҷон Алиаҳмадов, собиқ бозингари дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар соли 2021 беҳтарин футболбози ҷавони Тоҷикистон дониста шуда буд, айни замон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.

“Аминҷон дар шаҳри Киржачи вилояти Владимири Русия, ки ҳамагӣ ҳудуди 26 ҳазор нафар аҳолӣ дораду тақрибан дар 110 километрии шимолу шарқи Маскав воқеъ аст, шаурма мефурӯшад”, - омадааст дар хабари шабака.

Бо истинод ба гуфтаи худи Аминҷон зикр мегардад, ки “ҳарчанд ӯ беҳтарин футболбози ҷавони лигаи олӣ эътироф шуда бошад ҳам, лекин дастгирӣ наёфта, пулкоркунӣ рафт".

“Дар вақтҳои холӣ аз кор ҳамроҳи дӯстонаш футболбозӣ мекунад. Намояндагони дастаи “Ротор”-и Киржач бозии ӯро дида, назди худ даъват карданд. Дар бозии аввалини санҷишӣ Аминҷон 4 гол зада, 2 маротиба муваффақона барои гол задан ба ҳамдастааш тӯб партофт”, - менависад komandatj.

Худи Аминҷон гуфтааст, ки “шояд бо ин даста қарордод ба имзо мерасонад”.

Аминҷон Алиаҳмадов (якум аз рост) дар маросими тақдими ҷоизаҳо дар соли 2021

Дастаи “Ротор”-и шаҳри Киржач дар мусобиқаи вилояти Владимир бозӣ мекунад.

Ба кор рафтани варзишгарони тоҷик кайҳост, ки як амри маъмулист. Имрӯз дар сохтмону дигар иншоот даҳҳо нафар варзишгарони собиқ машғули коранд, ки аз онҳо умедвориҳои зиёдро интизорӣ доштанду дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида буданд.

Мииёни онҳо натанҳо варзишгарон, балки мураббиёни гӯштину таэквондо, каратэ-до, тенниси рӯйи миз, волейбол, варзиши сабук ва ғайра ҳастанд.

Қаблан дар бораи чӣ гуна барои пулкоркунӣ ба Русия рафтани футболбози маъруфи тоҷик Дилшод Восиев хабар дода будем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.