Дар даври сеюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, мунтахаби занони Тоҷикистон ба пирӯзии аввал ноил гардид.

Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова и Мутриба Ҳотамӣ бар ҳарифони худ аз дастаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:0 дастоло шуданд.

Мутриба Ҳотамӣ
Сурат: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон

Пас аз 3 давр мунтахаби занони Тоҷикистон бо касби 1 имтиёз байни163 даста зинаи 115-умро ишғол мекунад.

Мунтахаби мардони Тоҷикистон пас ду пирӯзии пайиҳам аз тими Словакия бо ҳисоби 0,5:2,5 шикаст хӯрда, дар мақоми 55-ум қарор дорад.

Узви мунтахаби шоҳмоти мардони Тоҷикистон Алишер Каримов
Сурат: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон

Дар даври навбатӣ мунтахаби мардони Тоҷикистон бо дастаи Белгия ва занон - бо тими мунтхаби Барбадос қувваозмоӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.