Гуштингири ҷавон ва умедбахши тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” миёни наврасони то 17-сола сазовори медали тилло шуд.

Бино ба иттилоои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 16 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуруъ шуд, ки то 19 декабр идома меёбад.

Гуфта мешавад, Муҳаммадамин дар вазни -80кг-и гуштини тарзи озод бар ҳамаи ҳарифон ғолиб омада, дар финал варзишгари Қазоқистон Илёс Аманжолро шикаст дод.

Сурат аз olympic.tj

Зикр мегардад, ки дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.