Тими олимпии Кореяи Шимолӣ ё Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея (U-23) аз ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “I”, ки аз 6 то 12-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, даст кашидааст. Дар ин бораи Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, дар пайи ин тасмими Кореяи Шимолӣ Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали бозиҳоро дар гурӯҳи “I”, ки дар он се даста – Австралия, Тоҷикистон ва Лаос бозӣ мекунанд, тағйир додааст.

Бозиҳои интихобӣ аз 6 то 12-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешаванд.

Марҳилаи интихобӣ дар Душанбе 6-уми сентябр бо бозии дастаҳои олимпии Лаос ва Австралия оғоз мегардад. Дар даври дуюм 9 сентябр тими олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Лаос бозӣ мекунад. Ва дар даври ниҳоӣ 12 сентябр тимҳои Тоҷикистон ва Австралия бо ҳам вомехӯранд.

Акс аз ФФТ

Бар асоси натоиҷи даври интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини  ҷойи дуюм ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Гурӯҳи «I»

Даври 1

6 сентябр (чоршанбе)

Оғоз – соати 20:30

Лаос – Австралия

Даври 2

9 сентябр (шанбе)

Оғоз – соати 20:30

ТОҶИКИСТОН – Лаос

Даври 3

12 сентябр (сешанбе)

Оғоз – соати 20:30

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.