Сомон Турсунзода, варзишгари навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳонии касбии ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб сазовори медали тилло гардидааст, -хабар медиҳад АМИТ «Ховар» . 

Сомон дар ин мусобиқа дар вазни 27 кг баромад намуда, баъди мағлуб кардани ҳамаи рақибонаш  мақоми аввалро сазовор шуд.

Ӯ то рафтан ба марҳилаи ниҳоӣ бар варзишгари мизбон Султон Аҳмад Султон ғалаба ба даст оварда, сипас варзишгари Қазоқистон Султан Байсенро мағлуб карда, унвони чемпиони ҷаҳонро дар намуди ҷиу-ҷитсу соҳиб шуд.

Хотиррасон менамоем, ки як моҳ пеш Сомон Турсунзода дар мусобиқаи «Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023» дар шаҳри Шанхайи Чин рақиби худро аз кишвари мизбон мағлуб карда, соҳиби медали тилло гардида буд.

Мусобиқа дар ду намуд, аз ҷумла ҷудо ва ҷиу-ҷитсу — грэпплинг баргузор шуд, ки дар он варзишгари навраси тоҷик  дар вазни то 30кг ҳунарнамоӣ намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.