Дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки аз 10 то 12-уми ноябр дар шаҳри Ирвони Арманистон баргузор гардид, се варзишгари тоҷик сазовори нишони биринҷӣ гардиданд.
Тавре Варзиш ТВ хабар медиҳад, дар рӯзи якуми мусобиқа Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кг аввалин нишони биринҷиро ба даст овард. Ду сол пеш ин варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо шудав буд.
Аз самбои размӣ бошад, Бобохон Мирзозода дар вазни то 58 кг, дар рӯзи дуюми мусобиқа бо гирифтани медали биринҷӣ муваффақ шуд.
Дар рӯзҳои охирин, Худоёр Раҷабзода дар вазни то 71 кг аз самбои размӣ ба гирифтани нишони биринҷии сеюм муваффақ гардид.
Варзишгарони дигари тоҷик натавонистанд нишон бадаст оранд.
Дар умум дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се нишони биринҷӣ миёни 65 кишвар мақоми чордаҳумро ишғол намуд.
Ҷойи аввалро Русия соҳиб шуд, ки варзишгаронаш таҳти парчами бетараф қувваозмоӣ намуданд. Мақоми дуюмро тими Ӯзбекистон ва сеюмро дастаи Қазоқистон соҳиб шуданд.
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғайр аз нишон, инчунин ҷоизаҳои пулӣ барои ҷойи аввал - 4000 доллари ИМА, ҷойи дуюм – 3000 доллар ИМА ва барои ҷойи сеюм - 2000 доллари ИМА тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро дар маҷмӯъ 9 варзишгар – панҷ нафар дар риштаи самбо ва 4 нафар дар риштаи самбои размӣ муаррифӣ карданд.
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
“Бегуноҳ аст”. Додгоҳҳои Тоҷикистон давоми 5 сол чанд ҳукми сафедкунанда содир кардаанд?
Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста