Портали Transfermarkt рӯйхати гаронтарин футболбозони ҳар кадоме аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)-ро таҳия кард. Гаронтарин футболбози кишварҳои пасошӯравӣ бозингари тими “Наполи”-и Италия Хвичи Кваратсхелия арзёбӣ шудааст.

Дарвозабони тоҷик Рустам Ятимов низ бо арзиши 1,2 млн евро ба ин феҳрист шомил шудааст.

Дар радабандӣ (рейтинг)-и гаронтарин бозингарони кишварҳои пасошӯравӣ ӯ зинаи 9-умро ишғол мекунад.

Дар ин рӯйхат боз кадом футболбозони кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ зикр шудаанд?  

1. Гурҷистон: Хвича Кваратселия (80 млн евро, «Наполи»).

2. Украина: Александр Зинченко (42 млн евро, «Арсенал»).

3. Русия: Александр Головин (30 млн евро, «Монако»).

4. Арманистон: Эдуард Спертсян (18 млн евро, «Краснодар»).

5. Қазоқистон: Бахтиёр Зайнутдинов (6 млн евро, «Бешикташ»).

6. Молдова: Олег Рябчук (5 млн евро, «Спартак»), Ӯзбекистон: Аббосбек Файзуллоев (5 млн евро, ЦСКА).

7. Литва: Гвидас Гинейтис (2 млн евро, «Торино»);  Эстония: Карл Хейн (2 млн евро, «Арсенал» Лондон); Беларус: Илья Шкурин (2 млн евро, «Сталь»);  Озарбойҷон: Ренат Дадашов (2 млн евро, «Хатайспор»).

8. Латвия: Раймондс Кроллис (1,5 млн евро, «Вишков»).

9. Тоҷикистон: Рустам Ятимов (1,2 млн евро, «Истиқлол»).

10. Қирғизистон: Гулжигит Алиқулов (550 ҳазор евро, «Неман»).

11. Туркманистон: Руслан Мингазов (450 ҳазор евро, «Китчи»).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.