Мегӯянд, ки ба футболбозони дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд чор моҳ боз маошашон пардохт намешавад. Дар ин бора сармурабии даста изҳори назар кард.

Дар аксари доираҳои футболи кишвар зикр шуд, ки бозингарони “Хуҷанд” чор моҳ инҷониб маоши пурра намегиранд ва гӯиё футболбозон барои ҳалли ин масъала ба ФИФА даъво кардан мехоҳанд.

Барои рӯшанӣ андохтан ба масъала мо ба даста муроҷиат кардем ва манбаъ изҳор дошт, ки баъзе мушкилот ҷой дорад ва дар фурсати наздик онҳо ҳал хоҳанд шуд. Ҳамзамон расман ҳам эълон нашр хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, дар бораи вазъият дар даста сармурабии “Хуҷанд” Рустам Хоҷаев изҳори назар кард.

“Доир ба масъалаи пардохт нашудани маош ба бозингарон ин нодуруст аст. Ба мухлисон гуфтаниам, ки бозингарон ният надоранд, ки ба ФИФА муроҷиат кунанд ва буҷети дастаи мо ду баробар зиёд шуд”, - гуфт мураббӣ.
Рустам Хоҷаев
Сурат аз ДФ "Хуҷанд"

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо солҳои пешин вазъи таъминот бо тамоми лавозимоти зарурӣ хеле беҳтар шуда, маошро ҳукумати минтақа пардохт мекунад.

“Қисмати дигари маош бояд аз ҳисоби дастгирии соҳибкорони минтақа пардохт шавад. Ин масъала бояд ояндаи наздик бо ёрии мақомоти минтақа ва шаҳр ҳал шавад.

Ҳамчунин футболбозон мувофиқи нақшаи корӣ ҳамаҷониба ба вохӯрии оянда дар чемпионат омодагӣ мегиранд”, - илова намуд Рустам Хоҷаев.

Директори иҷроияи даста Фаррух Марофиев изҳор намуд, ки бо бозингарон масъалаи маошро баррасӣ карда, ҳеҷ кадоме аз бозингарон ба ФИФА муроҷиат нахоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, имсол барои варзишгоҳ прожекторҳо (дастгоҳҳои нурафкан) харида шуда, шароити иқомат ва хӯроки бозингарон беҳтар ва минбаъд дар ҳамин сатҳ нигоҳ дошта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бо сабаби хуб набудани рӯшнойӣ ва набудани прожекторҳо на ҳамаи варзишгоҳҳои кишвар имкон доранд, ки шомгоҳон бозӣ гузаронанд. Дар ин робита, дар варзишгоҳи дастаи “Хуҷанд” мехоҳанд дастгоҳҳо насб кунанд ва онҳо аз Чин фармоиш дода шудаанд.

Ба иттилои манбаъҳо, барои насби прожекторҳои нав дар варзишгоҳи Хуҷанд пойдевор омода мекунанд. Онҳо аллакай дар роҳанд.

Дар назар аст, ки тобистон дар варзишгоҳи Хуҷанд прожекторҳои меъёри ҷаҳонӣ гузошта мешаванд. Пас аз насби онҳо варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” ҳамчунин вохӯриҳои байнулмилалиро қабул карда метавонад. Дар чемпионати ҷумҳурӣ байни дастаҳои Лигаи олӣ ду дастаи вилояти Суғд - “Хуҷанд” ва “Эсхата” вохӯриҳои худро дар ин варзишгоҳ баргузор хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.