Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладона идома дорад. Дар саҳроҳои ҷумҳурӣ то 400 адад комбайнҳо кор мекунанд, ки ба бахшҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тааллуқ доранд. Оғози мавсими дарав дар майдонҳо каме бештар аз 150 техника машғули кор буданд.

Аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то аввали моҳи июль дар ҷумҳурӣ 110 ҳазору 526 тонна зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 105 ҳазору 999 тоннаашро гандум ташкил медиҳад. Майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад.

«То аввали ҳафта дар майдони 72 ҳазору 837 гектар ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Соли гузашта дар ҳамин давра дар майдони 34 ҳазору 199 гектар ҳосили зироатҳои ғалладона ғун карда шуда буданд», - афзуд сарчашма.