Конибодом. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи фармони раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз буҷаи раёсати маорифи вилоят ҷиҳати хуб ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, харидории асбоби мусиқӣ ва таҷҳизот ба мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Конибодом 50 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Директори мактаби номбурда Шӯҳрат Эргашев изҳор дошт, ки ҳамин тариқ раиси вилоят ваъдаи додаашро ба санъаткорони ҷавон дар маросими ифтитоҳи мактаб ба иҷро расонд.

Ёдрас мекунем, ки мактаби санъат дар заминаи мактаби мусиқӣ ташкил гардида, дар синфҳои маҳорати актёрӣ, санъати рақс, мусиқии анъанавии класикӣ, омӯзиши асбобҳои мусиқии мардумӣ беш аз 200 нафар таҳсил хоҳанд кард.