Конибодом. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввал дар агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Конибодом ба таври расмӣ 492 бекорон ба қайд гирифта шуданд, ки 226 нафар ё 46%-и онҳо занон ва 221 нафар ё 45%-и онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, шумораи бекорони сабтшуда ба 867 нафар баробар аст.

Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сардори агентии номбурда Анвар Маҳкамов иброз дошт, ки бо вуҷуди афзудани шумораи ҷойҳои кории холӣ ба 271 ҷой, шумораи бо кор таъминшудагон 50 нафар кам шудааст.

«Дар муддати сипаригашта тавассути ба роҳ мондани омӯзиши касбии ҷавонон, 89 нафари онҳо ба касбҳои кафшергари барқу газ, идоракунандаи ЭВМ, муҳосиб ва ғайра соҳиб гаштанд ва ҳамчунин 80 нафари онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ оид ба ободонии шаҳр ҷалб карда шуданд», - идома дод ӯ.

Ба гуфтаи А.Маҳкамов, сабаби аслии боқӣ мондани ҷойҳои кории холӣ дар маоши ночизи он аст ва ин ба он оварда мерасонад, ки аксари аҳолӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. «Масалан, агар дар оғози соли равон шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 21 ҳазор (бо аҳолии умумии беш аз 176 ҳазор нафар) нафарро ташкил медод, пас дар аввали моҳи июн ин рақам ба 4 ҳазор афзуда, 25 ҳазору 375 нафарро ташкил додааст, ки 6 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд», - афзуд сарчашма.