Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА) Зарораҳмади Муқбил бо боздиди чоррӯза ба Душанбе меояд.

Аз Сафорати ҶИА хабар доданд, ки зимни вохӯрӣ бо вазири корҳои дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобила дар мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ, ташкил ва баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати ошкор ва маҳви нуқтаҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҶТ ва дигар масоили муҳим мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамчунин вохӯрии З.Муқбил бо роҳбарони мақомоти дахлдор бобати ҳалли масъалаи бозомӯзии кормандони пулиси Афғонистон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст.

Боздиди Зарораҳмади Муқбил 11-уми июл ба анҷом мерасад.