Хуҷанд. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Масъулини таъмини барқи шаҳри Хуҷанд дар маркази вилоят нерӯи барқро қатъ месозанд, вале мегӯянд, ки ин амал ба ҷорӣ кардани меъёр марбут нест.

Директори шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд Тӯра Атамов иттилоъ дод, ки қатъи нерӯи барқ ба иллати гузаронидани корҳои таъмиру таҷдиди таҷҳизотҳои барқӣ дар зеристгоҳҳо вобаста аст.

Ба гуфтаи ӯ, соли равон корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон хеле барвақт, ҳанӯз 4-уми апрели соли равон шурӯъ гардида буданд.

«Корҳои таъмиру таҷдид ва ивазкунии қисмҳои трансформатору дигар таҷҳизоти барқӣ баъзан муддати тамоми рӯз идома меёбанд ва мо маҷбур мешавем дар ин вақт истифодаи нерӯи барқро қатъ намоем», - афзуд ӯ.