Кӯлоб. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар микрорайони 9-уми шаҳри Кӯлоб савдои маҳслоти кишоварзиро бо нархҳои нисбатан арзонтар оғоз карданд.

Муовини раиси ноҳияи Вахш Саидҷалол Ҳусейнов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар як муддати кӯтоҳ харбуза ба пуррагӣ ба фурӯш рафт.

Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти дигар низ талабгорони зиёд дошт.

«Харбузаву тарбуз бо нархи 70 дарсад арзонтар нисбат ба бозор пешкаш шуда, арзиши гандум, ҷуворимакка, помидор, карам, бодинҷон ва қаланфури булғорӣ дар муқоиса бо нархҳои бозорҳои шаҳр 40-40 дарсад арзонтар мебошанд», - баён дошт вай.

С.Ҳусейнов изҳор дошт, ки кишоварзони ноҳия ба шаҳри Кӯлоб на барои фоида ба даст овардан, балки ҷиҳати кӯмак ба аҳолӣ омадаанд.

«Харбузаву тарбузро дар сари замин деҳқонон бо арзиши аз 3 то 5 сомонӣ мефурӯшанд, аммо дар Кӯлоб онро ба қиммати 2 сомонӣ фурӯхта истодаанд», - афзуд ӯ.