Панҷакент. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бо дастгирии лоиҳаи Агроаксияи Олмон «Беҳтарсозии амнияти ғизоии хонаводаҳо дар водии Зарафшон» дар деҳаи Урметани ноҳияи Айни, ки 7 ҳазор аҳолӣ дорад, маркази компютерии шабакаи ҷаҳонии Интернет ифтитоҳ гардид.
Ба гуфтаи мутахассиси рушди ҷамоатҳои лоиҳа Майя Аҳмедова, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ба хазинаи Кумитаи рушди деҳа аз ҳисоби баргардонии пардохти маблағҳо барои харидории тухмии босифату таҷҳизоти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 16 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд.
«Моҳи декабри сои 2007 дар маҷлиси умумӣ қарор шуд, ки қисме аз ин маблағро ҷиҳати ташкил додани маркази Интернет равона созем, - идома дод М.Аҳмедова. - Акнун сокинони деҳа метавонанд аз хизматрасониҳои почтаи электронии Интернет бемалол истифода бурда, ҳамчунин тарзи кор бо компютерро азхуд намоянд.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста