Кӯлоб. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар деҳаи Диндӯстони ноҳияи Мӯъминобод коргоҳи хизматрасонии мошинҳову тракторҳо, ки дар қарни гузашта бо исми МТС маъруф буд, ташкил гардид. Мувофиқи фармоиш он ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иҷоракорони хусусӣ дар қаламрави ноҳия хизматрасонии гуногун тавассути техникаи кишоварзиро пешниҳод менамояд.
Роҳбари коргоҳ Ҷамшед Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки «зиндагӣ маҷбур сохт, ки гузаштаро ба хотир орем».
Ба гуфтаи ӯ, соҳибони хусусии техникаҳои кишоварзӣ корҳоро бо қиммати хеле гарон иҷро мекунанд, ки он боиси аз кор дар замин дилхунук гаштани деҳқонон мегардад ва фоида хароҷотро намепӯшонад.
«Мо барои ҷуфти як гектар замин 228 сомонӣ маблағ мегирем, ки ҳам барои мо ва ҳам кишоварзон қулай аст ва аллакай ба коргоҳ эҳтиёҷмандон муроҷиат мекунанд», - идома дод ӯ.
Коргоҳ аз ҷониби собиқ механизаторон, соҳибкорон ва тоҷирон таъсис ёфта, дорои 10 техникаи кишоварзӣ аст.
«Мо ният дорем, ки комбайнҳои ғалладарави пуриқтидор дастрас намоем, зеро 70 фоизи ҳосили зироати ғалладона бо сабаби баланд будани арзиши техникаҳои ҳосилғундори хусусӣ ба таври дастӣ ҷамъоварӣ карда мешавад», - афзуд Ҷ.Мирзоев.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста