Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз майдони умумии 7 ҳазору 390 гектари кишти пахтаи ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон дар 85 фоизи он ниҳолҳои пахта аз 10 то 12 кӯрак доранд, ки ин гувоҳи ҳосилнокии хуб аст.
Ёдрас мекунем, ки хоҷагиҳои ин ноҳияҳо аз ҷониби «Амонатбонк» сармоягузорӣ карда шудаанд.
Агроном ва коршиноси шӯъбаи минтақавии «Амонатбонк» Раҷабалӣ Кулабеков ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ аз норасоии об гила доранд.
«Дар ноҳияи Восеъ аз 91 хоҷагӣ дар қаламрави ҷамоатҳои Тугарак, Меҳнатобод ва Пахтаобод ба иллати норасоии
об 41 хоҷагӣ ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ мушкилот доранд», - гуфт ӯ.
Дар канори шаҳри Кӯлоб бо сабаби кори номунтазами пойгоҳи обкашии ба номи С.Назаров ба пойгоҳи обкашии Бештегирмони Боло об кам баромада,
Дар ноҳияи Фархор
Ба гуфтаи Р.Кулабеков хушксолии имсола ҳаҷми захираҳои оби обанбори Мӯъминобод ва рӯди Яхсуро коҳиш додааст - дар онҳо об қариб ним баробар кам шудааст, вале корхонаҳои хоҷагии оби минтақа сари вақт чора наадешидаанд.
Чанде қабл, бо иштироки муовини аввали раиси вилояти Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Кӯлоб машварат баргузор гардид ва дар он низ аз норасоии об изҳори ташвиш карда шуд.
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста