Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дафтари барномаҳои маърифатӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ва Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маълумоти байнулмилалӣ (
ACTRA
/
ACCEIS
) эълом доштанд, ки амалисозии барномаи «Таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорони макотиби олӣ» (Junior Faculty Development Program, JFDP шурӯъ мешавад.
Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи таҷрибаомӯзӣ омӯзгорон дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва ҷамъомаду конфронсҳо иштирок мекунанд.
Ҳамаи хароҷот аз ҷониби масъулони татбиқи барнома пардохт мегардад.
«Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки собиқаи дусолаи корӣ дар макотиби олиро соҳиб ҳастанду забони англисиро ба таври хаттиву шифоҳӣ хуб балад мебошанд ва ба оғози барномаи академӣ дар ИМА (январ-майи соли 2009) имкон доранд, метавонанд довталаби иштирок дар барнома гарданд, - изҳор дошт манбаъ. - Муаррифиномаи барнома ва машварати умумӣ оид ба тарзи пур кардани маълумотнома (анкета) дар таърихи 11-уми август дар дафтари кории Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маълумоти байнулмилалӣ бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Толстой, 86 баргузор мешавад».
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста