Кӯлоб. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Кӯлоб барои мушаххас кардани қитъаҳои замини қаламрави собиқ корхонаҳои бузург ва муассисаҳои нақлиёти шаҳр қарор карданд, ки аз ҳисоби намояндагони мардумии маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ комиссияи барӯйхатгирӣ ташкил кунанд, то ин қитъаҳоро дақиқан мавриди тафтиш қарор диҳад.

Аз мақомоти шаҳрдорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мири шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ҷиҳати дар рӯзҳои наздик мушаххас сохтани қитъаҳои замини бекорхобидаи ин корхонаву муассисот супоришоти мушаххас додааст.

«Заминҳои бекорхобидаи мазкур барои сохтмони манзили зист ҷудо карда хоҳанд шуд», - изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки аз 4 ҳазор нафари бо ариза муроҷиаткарда, мақомоти шаҳрдорӣ имкон дорад танҳо ба 1000 нафар мӯҳтоҷон қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо намояд, зеро заминҳои мавҷуда талаботи ҳамаро қонеъ намесозанд.

Дар ҳамин ҳол, оҷонсӣ огаҳӣ ёфт, ки шӯъбаи дар Кӯлоб будаи «Тоҷиксодиротбонк» ба иттиҳодияи сохтмонии «Кӯлобдеҳсохтмон» ҷиҳати оғози сохтмони тарзи ипотекаи коттеҷҳои дуошёна дар қаламрави фурудгоҳи кӯҳна 1 млн. сомонӣ маблағ ихтисос додааст.