Душанбе. 29 июл. ОИ «Азия-Плюс» - Охири ҳафтаи гузашта дар мизи мудавваре, ки бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва созмонҳои мададрасон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз рафти татбиқи лоиҳаи «Ман огоҳам», ки ба беҳбудии солимии репродуктивӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, натиҷагирии навбатӣ доир гашт. Тавре ба «АП» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) маблағгузорӣ шуда, ба тавсиаи хизматрасонии солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила дар деҳоти шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Кӯлоб ва Колохозобод нигаронида шудааст. Ба гуфтаи сарчашма аз вазорати тандурустӣ, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои маҳаллӣ дар татбиқи лоиҳа фаро гирифтани 60 дарсади занони деҳот бо солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила дар деҳоти атрофи ш. Душанбе, ноҳияхои Рӯдаки, Кӯлоб ва Колхозобод пешбинӣ шудааст.

Аз маркази матботи вазорат ҳамчунин иттилоъ доданд, ки лоиҳа дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ,   раёсатҳои тандурустии вилоятӣ ва ноҳиявӣ, маркази миллии солимии репродуктивӣ, ҳукуматҳои маҳалллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии занона, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии «Накӯкор», «Ғамхорӣ» ва «Гендер ва тараққиёт» татбиқ гашта истодааст. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, иҷрокунандаи лоиҳаи «Ман огоҳам»   Ташкилоти байналмилалии ҷамъиятӣ PSI (Шӯъбаи хадамоти байналмиллалии нуфус дар Тоҷикистон) мебошад.

Бояд гуфт, ки PSI дар арсаи ҷаҳонӣ дар соҳаи маркетинги ҷамъиятӣ пешрав буда, дар 70 мамлакати дуньё лоиҳаҳои худро татбиқ мекунад. Давомнокии лоиҳаи «Ман огоҳам» се сол буда, он аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.