Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия -Плюс» - Соҳибкори пойтахт Холмаҳмад Тӯраев изҳор мекунад, ки фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июли соли 2006, ки дар давоми ду сол дар ҷумҳурӣ ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳаи соҳибкории хурду миёнаро манъ кардааст, ба рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна такони ҷиддӣ бахшида, барои ҷалби сармоягузорон шароити мусоид фароҳам месозад.

«Мо аз ин ғамхории президент нисбати фаъолиятамон миннатдорем ва боварӣ дорем, ки фармони мазкур аз ҷониби тамоми мақомоти дахлдор риоя карда хоҳад шуд», - гуфт ӯ.

Мавсуф дар бозори «Корвон» якчанд нуқтаҳои фурӯш дорад ва бар ин назар аст, ки санҷишҳои ҳарҳафтаинаву ҳамарӯза на танҳо ба фаъолияти соҳибкорон, балки ба воридшавии маблағҳо ба буҷаи кишвар низ монеъа эҷод мекунанд, ки албатта, ба нархҳо низ бетаъсир намемонад. «Ҳангоме ки санҷишгар аз соҳибкор «ҳаққаш»-ро меситонад, дар навбати худ, ӯ даромадҳои воқеии соҳибкоронро рӯйпӯш месозад ва гузашта аз ин, соҳибкор низ маҷбур мешавад арзиши молу маҳсулотро зиёд намояд», - зикр кард соҳибкор.

Х.Тӯраев ва соҳибкорони дигар хоҳони онанд, ки фармони мазкур аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ба таври фаҳмову дастрас шарҳу тафсир дода шавад. Ӯ дар мавриди он ки бо амалӣ гаштани фармони мазкур гӯё воридшавии маблағҳои андоз ба буҷаи кишвар коҳиш меёбанд, розӣ нест. «Аксари соҳибкорон андозро мувофиқи патент пардохт мекунанд, маблағи он бошад, барои ҳама маълум аст, - идома дод ӯ. - Аз ин рӯ, аз пардохти чунин андозҳо мо ҷои гурез надорем».